Недоступен ни однин перевод.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо ирсоли як нома ба шаҳрдории Душанбе дар мавриди кӯмак дар ҳалли танқисии журналистон аз манзил дархост намояд.

Раиси ИЖТ ба мо иттилоъ дод, ки мақсад аз ирсоли нома аз он иборат аст, ки меҳоҳанд ба мушкилии журналистони тоҷик аз ҷониби шаҳрдорӣ расидагӣ шавад ва манзил ва ё қитъаи замин барои манзил, бо нархи арзон ва бо роҳи қарздиҳӣ фурӯхта шавад ва мӯҳлати давомнокии қарз 10-15 сол бидуни фоиз, сурат бигирад.

Раиси ИЖТ гуфт, ки дар ин росто комиссияе аз ҷониби шахсони босалоҳият ташкил шуда ва ниёзмандии журналистонро санҷида, рӯихат тартиб медиҳад ва ба шаҳрдорӣ пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин ИЖТ аз масъулини идораҳои ВАО-и Тоҷикистон даъват кардааст, ки рӯихати журналистони ниёзманд ба манзилро ба идораи ИЖТ то 10-уми сентябр ироа намоянд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер