Недоступен ни однин перевод.

Муҳлати ҳабси пешакии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори собиқи ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ”, 24-уми август анҷом ёфта, бо қарори суд то 24-уми сентябр тамдид шудааст. Дар ин бора хабаргузории TojNews иттилоъ додааст.

Дар хабар омадааст, ки бино ба қавли адвокати рӯзноманигор Фазлиддин Худойбердиев Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт, то 24-уми августи соли ҷорӣ дар муддати ду моҳ натавонистааст парвандаро ҷамъбаст кунад. Ҳанӯз парвандаи хабарнигор ба суд ирсол нашудааст.

-Айни ҳол парвандаи Исмоилов аз ду рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ 250, қисми 2 (тамаъҷӯӣ) ва 247, қисми 2 (қаллобӣ) мавриди тафтиш қарор дорад, -гуфт Фазлиддин Худойбердиев.

Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ҳоло 53 сол дорад, соли 2010 бо иттиҳоми туҳмату таҳқир, боздошт шуда, баъдан бо қарори суд, баъди қариб як соли ҳабс озод шуда буд.

Вай ду соли ахир асосан ба фуруши рӯзномаҳо машғул буд ва чанд матлаби ахираш дар рӯзномаи "Имрӯз-News" нашр шуданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, (АМВАОМТ) оид ба қазияи Исмоилов ба TojNews гуфтааст, ки боздошт шудани ӯ ба фаъолияти рӯзноманигориаш рабте надорад.

- Бо вуҷуди ин АМВАОМТ қазияи боздошти журналист Маҳмадюсуф Исмоиловро пайгирӣ мекунад, мо дар киро кардани вакили дифоъ ба журналист кумак кардем, ҳоло парванда дар ҷараёни тафтишот қарор дорад, - гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер