Дар ҳоле, ки дар кишвар чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ амал мекунанд

фото1

дар ҳоле, ки дар кишвар чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ амал мекунанд

Аз таъсиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон як сол пур шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе, 2 декабри соли 2010 конфронси солонаи ин ташкилоти рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Дабири кулли ин ташкилот Мухтор Боқизода зимни посух ба ин суол изҳор дошт, ки тайи солҳои охир дар фазои матбуоти Тоҷикистон ҳафтаномаҳои мустақил ва дигар расонаҳои гуногуни хабарӣ ба фаъолият шурӯъ карданд ва рӯзноманигорони ҷавон ва ё нафароне, ки навишта метавонанд, дар онҳо ба кор ҷалб гардиданд, ки аз одоби касбият бархурдор нестанд

Ва бештари моҷароҳое, ки байни матбуот ва мақомоти тафтишотӣ ба миён меоянд низ далолат аз он мекунанд, ки дар рафти иҷрои вазифаҳои касбии рӯзноманигорон меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ риоя намешаванд. Ин зарурият на танҳо панҷ ё даҳ соли охир, балки ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта ба миён омада буд. Ҳамон солҳо як гурӯҳи журналистони собиқадор ва пешқадам бисёр мехостанд, ки чунин як меъёрҳо ё одобномаи касбии рӯзноманигорӣ қабул карда шавад, то рӯзноманигорон ахбори дақиқу саҳеҳ ба ҷомеа пешниҳод намоянд. Ва ба ҳамин васила мехостанд, ки худтанзимкунии ВАО-ро ба миён оваранд. Ба ин хотир аз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта то соли 2009 чандин маротиба кӯшишҳои бевосита барои ба миён овардани ин меъёрҳо шуда буд, вале натиҷае намедод. Соли 2009 бошад, бо саъю кӯшиши созмонҳои рӯзноманигорӣ ва намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон чандин нишастҳо доир гардид ва зимни ин ҷаласаҳо зарур будани чунин меъёрҳо бори дигар ба миён гузошта шуданд. Ҳамин тавр, 30 октябри соли 2008 конфронси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо иштироки 62 вакил аз 52 ташкилоти расонавӣ даъват карда шуд ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон қабул гардид.
Ва дар заминаи ин барои дар амал ҷорӣ шудани меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон Шӯрои ВАО ташкил шуд.
Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов зимни ҳисоботи солона қайд кард, ки ҷомеаи журналистии кишвар ба масъалаҳои худтанзимкунии соҳа эҳтиёҷ дорад ва мақсаду мароми ин шӯроро, яъне татбиқи меъёрҳои ахлоқи касбиро пайгирӣ мекунад. Ин далели он аст, ки ҷомеаи мо мехоҳад, ки ВАО фаъолияти озод дошта бошад ва ин амалаш дар ҳолате сурат гирад, ки вай тавонад ошкоро дар чорчӯби қонунҳои кишвар, дар доираи одоби касбӣ ва инсонӣ дар иттилоотонии аҳли ҷомеа, дар раванди ислоҳоти иҷтимоии ҷомеа иштирок намояд.
Иброҳим Усмонов таъкид кард, ки Шӯрои ВАО ба ду масъала таваҷҷӯҳ менамояд: Аввалан, ВАО бо чи ҳад боодобона, сари вақт, одилона ва ба манфиати умум бе таҳқир ва тӯҳмат бо риояи қонунҳо воқеаҳоро инъикос мекунад. Дуввум, ҳимояи ВАО аз таҳдиду монеашавии шахс ва мақоми алоҳида, ки барои ҳимояи манфиати худ метавонад барои озодии баён монеае ба миён оранд.
Шӯрои ВАО давоми як сол тавонист, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мавқеи худро ёбад ва бо бештари воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва журналистон робита ва ҳамкории қаввиро ба роҳ монад.
Тайи ин муддат Шӯрои ВАО Ойинномаи худро аз қайд гузаронда, дар ҳайати чор нафар дасгоҳи корӣ таъсис дод. Нӯх нафар узви Шӯро, ки интихоб шудаанд, дар асосҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд. Дар ин давра 9 маҷлиси шӯро баргузор гардид, ки масъалаҳои марбут ба муроҷиати шаҳрвандон дар ин ҷаласаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ 21 муроҷиати шаҳрвандон дар ҷаласаҳои шӯро муҳокима шудаанд.
Шӯрои ВАО ва Дастгоҳи иҷроияи он дар давраи сипаришуда барои шиносондани мақсадҳои аслии худ ва бештар муттаҳид намудани ҳамкасбон дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ мизҳои мудаввар ва семинарҳо баргузор намуданд. Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон пас аз нашр дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ дар шакли рисолаи алоҳида аз чоп баромад.
Дар посух ба суоли мо «Дар ҳоле, ки дар кишвар чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ амал мекунанд, оё зарурияте барои таъсиси Шӯрои ВАО буд?», дабири кулли Шӯрои ВАО Мухтор Боқизода афзуд, ки дар ҳақиқат бисёриҳо мехостанд, ки ҳамин шӯро дар тобеияти Иттифоқи журналистон ё Анҷумани миллии васоити ахбори мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) бошад, вале барои ин дар Ойинномаи онҳо чунин тарзи корбарӣ пешниҳод нашудааст. Ба ҳамин хотир қарор шуд, ки дар шакли алоҳидагӣ ин ташкилот ба миён ояд ва тарзи фаъолияти худро ба роҳ монад. Ҳамчунин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми баргузории мурофиаҳои судӣ ҳеҷ яке аз ташкилотҳои журналистӣ (дар Тоҷикистон теъдоди онҳо зиёда аз 10-то аст) ваколати онро надоштанд, ки ба мақомоти судӣ ва тафтишотӣ хулоса ва ё таҳлилеро пешниҳод намоянд. Дар Ойинномаи Шӯрои ВАО ин қайд шудааст.
Ваколатҳои Шӯрои ВАО асосан аз риоя гардидани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ва баррасии арзу шикоятҳо иборатанд.
Дар ҳамин ҳол ба андешаи ҳуқуқшинос, узви Шӯрои ВАО Иноят Иноятов шӯро мекӯшад, нофаҳмиҳое, ки миёни рӯзноманигорон ва шахсони алоҳидаю ҳуқуқӣ ба миён меоянд, сари вақт ҳалли худро ёбанд, яъне аризаҳои даъвогӣ то ба мақомоти тафтишотӣ ва суд рафта нарасанд. Аз ин бармеояд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии журналистон аз дигар аҳдофи ташкилоти мазкур мебошад.
Дар конфронс ба ҳайати Шӯрои ВАО аъзои нав пазируфта шуданд. Ҳамин тавр, 66 ташкилоти расонавӣ дар ҳоли ҳозир аъзои Шӯрои ВАО мебошанд.
Ҳамчунин, рӯзноманигорони шинохта Қурбон Аламшоев, Рустаи Ҷонӣ ва Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ ба ҷои нафароне, ки мӯҳлати ваколаташон ба анҷом расидааст, аъзои нави Шӯрои ВАО интихоб шуданд. Раисии ин шӯро боз барои як соли дигар ба зиммаи Иброҳим Усмонов вогузор гардид.
Иброҳим Усмонов аз номи аъзои Шӯрои ВАО изҳор дошт, ки мо ба сифати нерӯи чорум барои халқи худ хизмат кардан мехоҳем. Вақте чунин хизматро анҷом дода метавонем, ки қонун ва одобро эҳтиром кунем. Вақте моро эҳтиром мекунанд, ки мо худро ва аудиторияи худро эҳтиром намоем.
Бале, моро вақте мешиносанд, ки мо одоби касбии худро шиносем.


Алиҷон Ҷӯраев, «Минбари халқ»

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер