ШӮРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар доираи нақши журналистикаи русзабон дар ВАО-и Тоҷикистон нишаст доир кунад.

Муфассал...
 

Нахуст: Мониторинги Шўрои ВАО таҷрибаи мусбат аст. Зеро, ҳарчанд он аз тарафи 1 нафар узви Раёсат гузаронида мешавад, (яъне субъективист), дар асл барои риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» журналистонро масъулиятшинос мекунад ва ҳам соҳибрасонаҳоро дар роҳи татбиқи ин меъёрҳо водор месозад.

Баъдан: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки журналистони тоҷик торафт барои ба меъёрҳои байналмилалӣрасонидани журналистикаи тоҷик ва фаъолияти расонаҳо талош доранд, Ин ҳам яке аз омилҳои таъсири мусбати Мониторинг аст (ҳарчанд расман эътироф намекунанд).

Муфассал...
 


В Душанбе в понедельник в рамках десятого подготовительного совещания по человеческому измерению, которое провело Бюро ОБСЕ в РТ, состоялся диалог между правительством и гражданским обществом по вопросам прав человека в Таджикистане.

В ряде прочих были затронуты и вопросы свободы средств массовой информации в Таджикистане, проблемы, с которыми сталкиваются журналисты при доступе к информации.

Муфассал...
 

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон шоира ва рӯзноманигори тоҷик Барнои Қодирдухтро сардабири маҷаллаи фарҳангии “Истиқбол” (қаблан - “Машъал”) таъин кард. Барнои Қодирдухт дар ин мақом адиби тоҷик Латофат Кенҷаеваро иваз кард.  Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон 23 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки шоми 22 октябр масъулони вазорат Барнои Қодирдухтро ҳамчун сардабири нави маҷаллаи “Истиқбол” ба ҳайати эҷодии маҷалла муаррифӣ намуд.

Маҷаллаи “Истиқбол” дар замони шӯравӣ бо номи  “Машъал” нашр шуда, аслан барои наврасҳо буд. Баъдтар вазорати фарҳанги Тоҷикистон номи ин маҷалаи маъруфро бо “Истиқбол” иваз намуд ва то ҳол ҳамчун маҷаллаи фарҳангӣ ба нашр мерасад.

Муфассал...
 

Мониторинг:  Январ-феврали соли 2016

Мониторинги риоя шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  дар муҳтавои баъзе нашрияҳои чопии кишвар, январ-феврали  соли 2016, ки аз ҷониби Шўрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мавриди назар қарор гирифт, шаҳодат аз он медиҳад, ки то андозае идораи нашрияҳо  меъёрҳои ахлоқии касбии худро  риоя намуда, дар баёни матолиби худ  нафосати баёнро нигоҳ доштаанд.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки вайрон гардидани бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бештари вақт дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, хоса интихоботи президентиву парлумонӣ ба назар мерасанд. Ин ҳам дар ҳолатҳое, ки дар нашрияҳо матолибро аз номи муаллифони ношинос ё начандон шинос ва дар бораи шахсиятҳои сиёсӣ ба нашр мерасонанд. Таҳлили матолиби нашршудаи нашрияҳои чопии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон нишон медиҳанд, ки вайрон гардидани ин талабот, хоса дар шакли бисёр дағал вайрон шудани онҳо, камтар ба назар мерасанд.

Муфассал...
 
«НачалоПредыдущий12345678910ДалееКонец»
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер