Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

29
Авг 2013
Мониторинги нашрияҳои чопӣ дар мавриди риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар доираи Лоиҳаи «Меъёрҳои ахлоқӣ»
Печать E-mail

(15 июл-13 августи с.2013):

Ба хотири фаҳмотар шудани мониторинги нашрияҳои чопӣ дар мавриди риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», рӯзномаю маҷаллаҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардем.

Гурӯҳи аввал рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва соҳавӣ («Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Минбари халқ», «Народная газета», «Омӯзгор» ва амсоли инҳо);

Гурӯҳи дуввум: рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ («Фараж», «Самак», «Азия плюс», «Озодагон», «Миллат», «СССР», «Имрӯз News» ва ғайра);

Гурӯҳи сеюм: рӯзномаю маҷаллаҳои кӯдакон ва наврасон («Чашма», «Анбоз», «Навниҳол», «Зангӯла», «Истиқбол» ва монанди инҳо).

Муфассал...
 
26
Авг 2013
Обращение Совета по средствам массовой информации Республики Таджикистан
Печать E-mail

Дорогие коллеги!

Как известно, в ближайшие дни в Таджикистане официально стартует важная политическая кампания – президентские выборы. Но, с учетом содержания разнообразных материалов, которые распространяются через периодическую печать и электронные СМИ, можно сказать, что информационное пространство уже заражено темой выборов.

К сожалению, содержание подобных материалов свидетельствует о том, что не всегда СМИ и журналисты соблюдают положения связанные с «Этическими нормами журналистской деятельности в Таджикистане». Исходя из этого и по той причине, что информационное пространство станет еще более напряженным с официальным началом выборов, мы сочли необходимым непосредственно обратиться к Вам.

Муфассал...
 
26
Авг 2013
Муроҷиатномаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Печать E-mail

Ҳамкасбони гиромӣ!

Таври маълум, рӯзҳои наздик маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон расман шурӯъ мегардад. Аммо бо дарназардошти мӯҳтавои матолиби мухталиф, ки аз тариқи матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии воситаҳои ахбори омма (ВАО) пахш мегарданд, гуфтан мумкин аст, ки фазои иттилоотӣ аллакай интихоботолуда мебошад.

Мутаассифона, мӯҳтавои ин гуна матолиб гувоҳӣ аз он медиҳад, ки на ҳамеша ВАО ва журналистон муќаррароти вобаста ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя мекунанд. Аз ин хотир ва бо сабаби он, ки фазои иттилоотии интихобот бо расман шурӯъ гардидани он, шиддати бештар мегирад, мо зарур донистем бевосита ба шумо муроҷиат намоем.

Муфассал...
 
14
Авг 2013
Журналистон банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ВАО-ро омӯхтанд
Печать E-mail

Як гурӯҳ муассисон ва намояндагони ВАО давраи омӯзишии “Банақшагирии стратегии фаъолияти ВАО”-ро, ки Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор намуд, ширкат карданд.

Семинари омӯзишӣ рӯзҳои 11 то 13-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Нуриддин Қаршибоев, сарвари АМВАОМТ дар бораи ин иқдом чунин гуфт: «Банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ВАО дар Тоҷикистон мутаассифона, вуҷуд надорад. Ҳол он ки  ҳама гуна иқдом мувофиқи як нақшаи муайян ва стратегияи муайян рушд ёбад, то ки рӯзноманигорон ва соҳибони нашрияҳо, сардабирон ва ҳамаи онҳое, ки дар ВАО кор мекунанд, дурнамои фаъолияти худашонро тасаввур карда тавонанд ва дар ҳар замон сари рисолати аслии рӯзноманигорӣ андеша кунанд, ки то кадом дараҷа онҳо рисолати худро иҷро мекунанд ва ин рисолат ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа аст?»

Муфассал...
 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер