Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

05
Ноя 2015
Китоби нави Носирҷон Маъмурзода дар бораи таърихи ташаккули матбуоти Хатлон
Печать E-mail

Рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода натиҷаи таҳқиқаш дар бораи таърихи ташаккули матбуоти даврӣ дар вилояти Хатлонро нашр кардааст.

Носирҷон Маъмурзода ба TojNews гуфт, таҳқиқи ӯ дар китобе таҳти унвони “Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд” аз чоп баромад.

Китоби мазкур дар нашриёти “Ирфон” бо теъдоди 200 нусха ба табъ расида, дар он аз таърихи ташаккули матбуоти даврӣ дар вилояти Хатлон сухан меравад.

Ба гуфтаи муаллиф, “ин яке аз нахустин кӯшиши пажӯҳиш ва аз нуқтаи назари илмӣ арзёбӣ кардани таърихи ташаккул ва таҳаввули матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии вилояти Хатлон мебошад.”

Дар рисола ҳамчунин таълифоти муаллиф доир ба заминаҳои пайдоиши ВАО-и минтақавӣ дар Тоҷикистон, вазъият, тамоюлҳо, инчунин дурнамои рушди журналистика дар вилояти Хатлон ҷой гирифтааст.

Муфассал...
 
03
Ноя 2015
Пешниҳоди хомӯшӣ алайҳи “бозии аблаҳона” дар арафаи сафари Керрӣ ба Душанбе
Печать E-mail

Шоми 2-юми ноябр, дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба Душанбе дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла Ютуб, Фейсбук, Одноклассники, ВКонтакте ва бархе сомонаҳои хабарӣ маҳдуд гардид.

Аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет ба “Озодагон” роҳандозии маҳдудиятро тасдиқ карда, афзуданд, ки сабаби ин иқдом ба онҳо шарҳ дода нашудааст. 

Муфассал...
 
02
Ноя 2015
Пан Ги Мун: Дар ҳар панҷ рӯз як журналист кушта мешавад
Печать E-mail

Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид  дар рӯзи ҷаҳонии  поён додан ба ҷиноят алайҳи рӯзноманигороан гуфт,  дар як даҳаи гузашта беш аз 800 рӯзноманигор кушта шудааст. ӯ  таъкид кард, ки  дар ҳар панҷ рӯз як журналист кушата мешавад ва давлатҳо бояд ба ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон хотима гузоранд.

Муфассал...
 
01
Ноя 2015
Тоҷикистон аз ВАО-и хориҷӣ хост, матолиби ҲНИТ-ро нашр накунанд
Печать E-mail

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ВАО-и хориҷӣ даъват намудааст, ки аз нашри матолиби марбут ба ҲНИТ даст кашанд.

Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВУХ бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, “раёсат аз намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз воридот, пахш ва бознашр намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ худдорӣ намоянд”. 

Муфассал...
 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер