Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

11
Фев 2016
Акбари Саттор
Печать E-mail
Недоступен ни однин перевод.

Аз ҷумлаи равандагони роҳи пешиниён ва эҳёгари матбуоти озод дар кишвар аст. Замоне, ки ҳама саргарми ёфтани як бурда нон буданду фикри раҳоӣ аз гураснагӣ дар сар мепарвариданд, вай дар андешаи он шуд, ки чӣ гуна мардуми дурафтода аз маърифатро бори дигар ба мутолиаи рӯзномаву маҷалла баргардонад. Ва муваффақ ҳам шуд, ҳарчанд барои ин лозим омад хеле заҳмат кашад, як бахши азими дороиҳои худро сарф кунад.

Ва ин 20 сол пеш буд, замоне, ки вай нав ба 30 қадам мегузошт...

Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортепаи ноҳияи Ҳисор дида ба олам боз кардааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ноҳияи Ҳисор ба тавсияи устоди мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст.

Подробнее...
 
11
Фев 2016
Изҳороти муштараки созмонҳои журналистии Тоҷикистон
Печать E-mail
Недоступен ни однин перевод.

Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аз пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.

Дар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷумла омадааст: «Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо ариза муроҷиат намоянд.

Подробнее...
 
05
Дек 2015
Эксперт: мятеж Ходжи Халима усилил самоцензуру СМИ Таджикистана
Печать E-mail
Недоступен ни однин перевод.

Сентябрьская попытка государственного переворота и вооруженный мятеж экс-заместителя министра обороны Таджикистана Абдухалима Назарзода (Ходжи Халима) и его сторонников намного повысила так называемую самоцензуру в таджикских СМИ, об этом в интервью «АП» заявил глава Национальной ассоциации независимых СМИ Таджикистана (НАНСМИТ) Нуриддин Каршибаев.

Подробнее...
 
05
Дек 2015
Хуршед Атовулло Раиси шӯрои ВАО интихоб шуд!
Печать E-mail
Недоступен ни однин перевод.

4 декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО Хуршед Атовулло роҳбари ин ниҳоди журналистӣ таъин гардид.

Дар ин вазифа Хуршед Атовулло Нуриддин Қаршибоевро иваз намуд. Хуршед Атовулло асосгузори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буда, дар айни замон сармуҳарририи ҳафтаномаи Фаражро низ ба ӯҳда дорад. Мавриди зикр аст, ки ҳафтаномаи «Самак», «Ману Ту» ва сомонаи Faraj.tj бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ихтиёри Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мебошад.

Подробнее...
 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер